МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ДИДГОҲИ ҶАВОНОН

Санаи 05.09 соли 2019 ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кафедраи тибби оилавии №2-и МДТ ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, бо ташаббуси дотсенти кафедра Носирова М.П. маҳфили донишҷўён дар мавзўи «Мафҳуми истиқлолият аз дидгоҳи ҷавонон» баргузор гардид. Дар ҷамъомад омўзгорони кафедра: Мирзокалонова М.Ҷ., Ҳайдарова С.Ф., Раҳматуллоева З.Р. ва донишҷўёни гурўҳҳои 55, 56, 57, 58 ва 59-и курси 5-и факултети тиббӣ иштирок намуданд. Донишҷўён аз дастовардҳои беназири тоҷикон дар даврони истиқлолият ҳарф зада, онро орзуйи деринтизори мардум унвон карданд.
Донишҷўён Шодиев Шамс, Эргашев Ботир, Дадахоҷаева Рузихон, Шарифов Мизробшоҳ, Давлатов Мирзоалӣ, Неъматов Абдулахиз, Абдуллозода Ҷаҳонгир, Мухторова Ганҷина, Улмасов Ҷаъфар оид ба мафҳуми истиқлолият ва таъсири он ба мавқеи ҷаҳонии тоҷикон ибрози назар намуданд.
Дар маркази диққати иштирокчиёни маҳфил баррасии вазифаҳое буданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Рўзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштанд. Мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ. зимни суханронӣ дар ин ҷамъомад оид ба тарбияи насли ҷавони донишгоҳ ва табибони оянда изҳори назар намуд.
Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик
Дотсенти кафедра Носирова М.П.
06.09.2019     214

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php