Маҳфили илмии донишҷӯён

Маҳфили илмии донишҷӯён

Санаи 17.10.2019 сол дар кафедраи тиббии оилавии №2, ки дар пойгоҳи МД МСШ №12 ҷойгир аст, кофронси маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Бронхиальная астма» баргузор гардид. Донишҷӯёни курси 5-и гурӯҳи 40 факултаи тиббӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З. Р. конфронсро омода намуданд. Дар чорабини мудири кафедра н.и.т, дотсент Ёдгорова М. Ҷ., дотсенти кафедра Носирова М. П., муаллимаи калони кафедра Хайдарова С. Ф., ассистенти кафедра Рахматуллоева З. Р. иштирок карданд.

Дар чорабини инчунин гуруҳхои 39, 40, 41, 42 иштирок карданд. Баранда Парпиев Комрон конфронсро оғоз намуда суханро ба Юсупова Гулноза доданд. Юсупова Г. маърӯза дар мавзӯи «Клиника бронхиальной астмы» - ро пешниҳод намуданд. Курбонова Элмира дар бораи «Лечения и неотложная помощь при БА» баромад кард. Бо иштирокчиёни конфронс викторина гузаронида шуд. Инчунин Чургосизода И., Бобозода М., Исмоилов Д., Хомидова М. дар ин конфронс саҳми арзандаи худро гузоштанд.Дар хотима сухан ба дотсенти кафедра Носирова М. П. дода шуд, он кас миннатдории худро ба иштирокчиён баён намуданд.

 

 

Ёдгорова М.Ҷ., мудири кафедра н.и.т. дотсент 

 Мирзокалонова М.Ҷ., мутасаддӣ оиди тарбия н.и.т. дотсент       

   

                                                                

22.10.2019     21

Гузариш ба саҳифаи: