Маҳфили илмӣ дар кафедраи тиббӣ оилавии №2
Санаи 16 марти соли 2020 дар пойгоҳи, МД Маркази саломатии шаҳрии №12, таҳти роҳбарии ассистенти кафедра, Раҳматуллоева З.Р. бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббии бахши 5-и гурӯҳи 46, дар мавзӯи «Коронавирус- Covid-19», ки хусусияти умумичаҳонӣ гирифтааст, маҳфили илмӣ гузаронида шуд. Салихов Абдулло оид ба ин вирус бо намоиши видеоролик, баромад намуда, ба иштирокчиёни маҳфил маълумот дод.
Иштирокчиёни маҳфил дар баррасии мавзӯъ хеле фаъол буда, бо ироаи саволҳо дониши худро мукаммал намуда, бо ҳамдигар баҳси илмӣ намуданд.
Ассистенти кафедра Раҳматуллоева З.Р. бо сухани ҷамъбастӣ ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.
Мудири кафедра, н.и.т. дотсент Ёдгорова М.Ҷ.
Мутасади оиди тарбияи кафедра, н.и.т. дотсент Мирзокалонова М.Ҷ.
17.03.2020
331