Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба Модар аст!

Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба Модар аст!

Дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.т., Ёдгорова М.Ҷ. бо донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-уми факултети тиббӣ ва курси 6-уми факултети педиатрӣ, ҷаласаи тарбиявӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни маҷлис филми ҳуҷҷаттии “Хиёнат” намоиш дода шуда, андешаҳои ҳозирин дар мавриди филм шунида шуд. Ҳамчунин, ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷиқистон, маъракаи сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид.

Дар филми “Хиёнат” муфассал аз хиёнаткориҳои гурӯҳҳои таҷовузкор ва мардумфиреб дар солҳои 1990-уми қарни гузашта то имрӯз, дар бораи кирдори нопоку ноҷавонмардонаи бадфитратон маълумот дода шудааст.

Дар фарҷоми филм, устод Ёдгорова М.Ҷ. ҳамагонро ба муттаҳидӣ дар гирди Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ даъват намуда, таъкид кард, ки хиёнат ба Ватан- хиёнат ба Модар, хиёнат ба оила аст! Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем! Ва дар интихоби ояндаи дурахшони худ саҳлангорӣ нанамоем.

Дар охир ҷаласа донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин масъала иброз намуданд.

08.09.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: