Илмомӯзӣ аз гӯшаи имон аст!

Илмомӯзӣ аз гӯшаи имон аст! Дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ. ва ассистент Қаюмова Д.А. чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ бахшида ба “Илмомӯзӣ аз гӯшаи имон аст!”, аз тарафи донишҷӯёни курси 5, гурӯҳҳои 60 ва 62-уи факултети тиббӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур оиди моҳияти илмомӯзӣ, донистани қиммати вақт, аз ҳаёти олимони барҷастаи илми тиб маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд. Номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедра, яке аз симоҳҳои шинохтаи тибби мамлакат Иномзода Ҷ.И. баромад карда аз ҷумла қайд намуданд, ки беҳтарин ганҷинае, ки инсон ҷамъоварӣ мекунад, илму ҳунар аст. Мудири кафедра дар суханронии худ баён намуданд, ки беҳтарин боигарие, ки инсон тақсим мекунад илм аст, зам мешавад, низ илм аст ва бояд ҳар яки шумо ба номи пуршарафи донишҷӯ сазовор буда аз паи илмомӯзӣ бошеду вақти худро беҳуда сарф накунед.
27.02.2020     49

Гузариш ба саҳифаи: