Гузориш оид ба гузаронидани чорабинии тарбиявию фарханги бахшида ба риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Гузориш оид ба гузаронидани чорабинии тарбиявию фарханги бахшида ба риояи  Қонуни ҶТ “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
Санаи 24 декабри соли 2019 дар пойгохи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии шахрии №15 тахти рохбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П. бо иштироки фаъолонаи донишчуёни гурухи 4-уми факултети педиатрии бахши 6-ум чорабинии тарбиявию фарханги бахшида ба риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баргузор гардид. Таълиму тарбия фарзанд аз оила эхдо мегирад. Зеро падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд тамому умри худро мебахшанд, ки дар оянда номбардори волидайни худ шавад. Дар барномаи мазкур дар мавзуъхои Ватан, Модар, фарзанд ва таълиму тарбияи насли наврас аз нигохубини табибон, чавони давраи фаромушнашаванда ва гайра суханрони карда шуд. Донишчуён Аюбова Шахноза, Косимова Манижа, Тураева Тахмина, Ризоева Рохила, Халифаев Мухиддинчон, Сафаров Бахтиёр презентатсияхо, виде роликхо ва шеърхо ба нишастагон пешниход намуданд. Афсус, ки баъзе волидайн фарзандони худро дар хонахои кудакон мепартоянд,аз ахволи онхо хабардор намешаванд. Шукри истиклолият, ки давлати мо онхоро ба огуш гирифта таълиму тарбия медихад, ба воя мерасонад, то ки онхо низ дар оянда чузъи чомеаи бофрханги мо бошанд. Юсупов Абдушукур аз эчодияти худ суруд бахшида ба кудакони бепарастор, ки дар хонахои кудакон бе дустдории падару модар калон мешаванд, сароидаст. Дар чорабини низ ширкат варзиданд дотсенти кафедра, н.и.т., Мирзокалонова М.Ч., докторанти PhD Кабирзода Т.Д, донишчуёни факултети тибби курси 6-ум гуруххои 12, 18, курси 5-ум гурухи 6. 
 Дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П.

26.12.2019     206

Гузариш ба саҳифаи: