Аз ҳоли ятиму бепарасторон ва бечорагону дармондагон хабар гирифтан ва дили онҳоро шод намудан амали савоб буда, яке аз хислатҳои хуби инсонӣ мебошад. Аз он ҷумла кӯдакони поку бегуноҳ, ки аз хурдӣ меҳру муҳаббати падару модарро надидаанд, ба диққат ва меҳрубониҳои мо бештар ниёз доранд.
Вобаста ба ин дотсенти кафедраи “Тибби олилавӣ №2” Носирова Матлуба Пулатовна бо ҳамроҳии донишҷӯёни гурӯҳи 4, курси 6-и факултаи педиатрӣ тасмим гирифтанд, ки ба хабаргирии кӯдакони бепарастори “Хонаи кудакони №1 барои ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе раванд. Кӯмак намудан ба ниёзмандон ин барои ҳар яки инсон як таъсиреро боқӣ мемонад. Вақте ки ба кӯдакони бе падару модар дасти саховат мекушоем, хурсандии онҳо, чеҳраи онҳо ва меҳру маҳаббати онҳоро дар хотир меорем. Инсонҳое, ки фарзандони худро дар хонаи ниёзмандон мепартоянд, онҳо меҳру муҳаббати инсониро шояд фаромуш кардаанд. Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои зиёдеро дар ҷумҳурии мо омода намудаанд, ки ба ҳама шароити замонавӣ ва хурду хӯрок таъмин гардидаанд. То кӯдакону наврасони ниёзманд таълиму тарбияи дуруст гирифта, дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Донишҷӯёни гурӯҳ низ ҳангоми дидорбинӣ бо худ қаламҳои рангоранг, албомҳои расмкашӣ ва дафтарчаҳои машқи хат барои кӯдакон гирифтанд.
Аюбова Шаҳноза – донишҷӯи бахши 6, гурӯҳи 4-уми, факултети педиатрии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.