Чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи Об

Чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи Об
13 феврал дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии шаҳрии №15 таҳти роҳбарии ассистенти кафедра, Кабирзода Т.Д. бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни гурӯҳи 62-юми факултети тиббии бахши 6-ум чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ Қатъномаи А|RES|71|222- ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 қабул кард. Аз замони Зардушту аз замони Пешдодиён об дар радифи 4 аркони муқаддас ба ҳисоб мерафт. Об рамзи некӣ, покӣ, файзи рӯшноист. Об нӯшдории башар. Бе об одамизод 3 рӯз зиндагӣ карда метавонаду халос. Об ганҷи бебаҳо ва дар қиёс бо дигар боигариҳои табиат аст. Ин неъмати пурарзишро аз қадим то ба имрӯз васф намудаву бобати поку беолоиш нигоҳ доштанва ҳифзу истифодаи сарфакоронаи он бузургон маслиҳату насиҳатҳои пурмаъно кардаанд. Донишҷӯён Ниёзова Майрам, Исматов Туйчибой, Негматова Заррина, Абдуллоев Юсуфҷон, Исаков Руслан, Расулова Азиза, Абдураҳимова Зиннатмо ва Сатторов Шарафҷон чорабиниро бо Суруди миллӣ, презентатсияҳо, викторинаҳо, видеороликҳо ва шеърҳо дар васфи об ба нишастагон пешниҳод намуданд.
Дар Шарқ гуфторе вуҷуд дорад: “Дар ҷое, ки об аст, он ҷо ҳаёт аст. Ҷое, ки об тамом мешавад, замин низ ба охир мерасад”. Аз ин рӯ мо бояд кӯшиш намоем, ки обро сарфакорона истифода бурда ба тозагии дарёҳо, кӯлҳо, уқёнусҳо аҳамияти калон диҳем.
Мудири кафедраи тиббии оилавии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, н.и.т. М.Ҷ, Ёдгорова

Масьули бахши корҳои тарбиявӣ кафедра М.Ҷ. Мирзокалонова
17.02.2020     63

Гузариш ба саҳифаи: