Бувад фархунда истиқлоли тоҷик

Бувад фархунда истиқлоли тоҷик

Дар кафедраи тибби оилавии №2 дар пойгоҳи МД МСШ №12, конфронси илмию фарҳангӣ дар мавзуи «Истиқлолият - неъмати бебаҳост», ки ба ҷашни 29-солагии Истқлолияти ҶТ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Конфронси мазкур таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З. Р. гузашта, дар он донушҷӯёни курси 5-и гуруҳи 76-уми бо забони русӣ таҳсилкунанда иштирок намуданд.

Конфронс бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, донишҷӯён Матаев Фарухҷон ва Нурова Мавзуна маҳфили илмиро бо қироати шеъре бахшида ба Истиқлолият идома доданд:

Бувад фархунда истиқлолият, эй дӯст,

Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.

Расидӣ бар муродат миллати ман,

Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст!

Сипас, навори видеоӣ таҳти унвони «Саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мамлакат ва пойдории миллат» намоиш дода шуд.

Маҳмудова Шаҳло бо маърӯзаи «Истиқлолият - неъмати бебаҳост» баромад карда, навори видеоӣ дар бораи Тоҷикистони азизамон пеш аз истиқлолият ва баъд аз он, мазмуни маърузаи пешниҳодшударо комил намуд.

Профессори кафедра Умарова З.К. ва муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С.Ф. низ вобаста ба мавзуи матраҳшуда изҳор назар намуданд. Ассистенти кафедра Раҳматуллоева З.Р. зимни баромад оиди риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ барои пешгирии бемориҳо, аз ҷумла коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наздикон ва аҳолиро такид кард.

                                                  Ассистент    Рахматуллоева З.Р.

07.09.2020     7

Гузариш ба саҳифаи: