Баргузории конфронси илмӣ-фарҳангӣ

Баргузории конфронси илмӣ-фарҳангӣ

Дар кафедраи тибби олилавии №2 дар пойгоҳи МД МСШ №12, конфронси илмию фарҳангӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З. Р. бо донушҷӯёни курси 5-уми гуруҳи 40 (русӣ), ва иштироки донишҷӯёни гуруҳи 26 (русӣ),  курси 6-ум  кофронс баргузор гашт. Дар чорабинӣ Каримова Мавлуда дар мавзӯи “Некоторые аспекты антигипертензивных лекарственных средств. Фармакокинетика и фармакодинамика” маърӯза кард.

Дар бораи бемории фишорбаландӣ навори видеоӣ (видеоролик)  намоиш дода шуда, дар мавзӯи: “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  Ҳасаналиева Миҷгона баромад намуд. «Конуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 02. 08. 2011, №762 қабул шудааст. Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ,  ифтихори  ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Дар охири маҳфили илмию фарҳангӣ суҳан ба ассистенти кафедра Рахматуллоева З. Р. дода шуд. Устод минатдории худро баён намуда, ба маҳфил баҳои хуб доданд. Ба донишҷуён дар бораи риояи гигиенаи шахсӣ, яъне доимо дастони худро бо собун шустан ва истифодаи маҳлули антисептикӣ, пушидани ниқоб ва риоя намудани фосилаи иҷтимоиро таъкид карданд.

Маҳфили илмию фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд. 

      Ассистенти кафедраи тибби олилавии №2  -   Рахматуллоева З.Р.

30.10.2020     112

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php