Бани одам аъзои якдигаранд…
Санаи 13 феврал дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии №15, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П. бо иштироки донишҷӯёни факултети педиатрии бахши 6-и гурӯҳи 4 дар мавзӯи «Бани одам аъзои якдигаранд…» чорабинии тарбиявию фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ., дотсентон – Иномзода Ҷ.И. ва Мирзокалонова М.Ҷ., ассистентони ҷавон Кабирзода Т.Д. ва Баротов И.И., ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 48,61, 63 бахши 5-и ва 62 бахши 6-и факултети тиббӣ иштирок намуданд.
Донишҷӯён Халифаев Муҳиддин, Аюбова Шахноза, Сафаров Бахтиёр ва дигарон дар суханони худ оид ба арзиш, қадру манзалат, ақлу номус будани инсон дар рӯи замин ҳарф зада, аҳли толорро ба ибрози назари худ дар атрофии ҳамин мавзӯъ даъват намуданд. Маънову моҳияти баланди гуманистӣ доштани андешаҳои донишманди барҷаста Саъдӣ Шерозӣ аз он даҳолат медиҳад, ки он мисраъҳоро алҳол дар пештоқи Созмони миллали Муттаҳид овеза кардаанд. Зеро Саъди Шерозӣ дар ин ҷо бани инсонро новобаста аз миллат, дин, забон, ҷинсият, макоми иҷтимоӣ дар як радиф гузоштааст.
Вақте, ки масъалаи шаъну шарафи инсонба миён меояд, пас дар чунин ҳолат гуфта намешавад, ки ӯ аз кадом давлат, кадом миллат, пайрави кадом дин , кадом мазҳабу оин, аз кадом оила, кадом маҳаллу минтақа ва ғайра аст. Эҳтиром шаъну шарафи инсон дар чунин мавридҳо ҳатмист.
Дар сухани ҷамъбастии худ мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ. гуфтанд, ки дар Консепсияи миллии тарбия омадааст: «Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон, ёру дӯстон, ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои ғайр зуҳур меёбад». Ҳар нафар дар кадом мавқеи иҷтимоӣ қарор надошта бошад лозим аст, аз рӯи башардӯстӣ (гуманизм) ба дигарон рафтор намояд.
М.П.Носирова, дотсенти кафедра, н.и.т.
14.02.2020
1684