Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Бахшида  ба Рӯзи Артиши миллӣ Дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии мудири кафедра Ёдгорова М.Ҷ. чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллӣ”, аз тарафи донишҷӯёни курси 5, гурӯҳҳои 60 -уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур оиди моҳияти ҳифзи марзу буми мамлакат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ маърӯзаҳо шунида шуда шеърҳо дар васфи Модар-Ватан қироат карда шуд. Дотсенти кафедра Иномзода Ҷ.И.дар суханронии худ қайд намуданд, ки ҳар як фард бояд ҳамеша дар дараҷаи омодабош қарор дошта бошанд. Ҳифзи марзу буми Ватан аз ҳифзи оилаи худ сар мешавад, таъкид намуданд устод. Мудири кафедра дар суханронии худ баён намуданд, ки беҳтарин боигарие, ки мо дорем тинҷию осоиштагии кишвар аст, ки онро бояд чун гавҳароаки чашм қадр намоем.
21.02.2020     59

Гузариш ба саҳифаи: