ҶАШНИ НАВРӯЗИ АҶАМ ДАР КАФЕДРА

ҶАШНИ НАВРӯЗИ АҶАМ ДАР КАФЕДРА
Дар кафедраи тибби оилавии №2, аз 20 марти соли 2020, базаи клиникии МД МСШ №15, воқеъ дар МТИ “Истиқлол” ҷашни Наврӯзи Аҷам аз тарафи донишҷӯёни курси 6- уми факултети педиатрӣ гурӯҳҳои 1 ва 2-юм, инчунин соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Хештаншиносӣ” зери роҳбарии мудири кафедра н.и.т., Ёдгорова М.Ҷ. ва омӯзгор Қаюмова Д.А. бо як шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд.
Духтарони либосҳои миллии чакану атлас ба бар карда шеъру сурудхонӣ ва рақсҳои мавзунро пешкаши ҳамсабақон гардониданд. Хони Наврӯзӣ густурда шеърҳо дар васфи баҳору суманак хонда шуда бозиҳои шавқовари баҳорӣ ва саҳначаҳо омода карда шуданд.
Қисмати 2-ми барнома дар мавзӯи “Хештаншиносӣ” буда онро бо маърӯзаҳои пандомез аз рӯзгори ниёгону ҷавонон Дӯстов Нурмуҳаммад ва Ҳомидов Ризвоншоҳ омода намуда дар сатҳи баланд гузарониданд. (дар аксҳо).
Аз таърихи 20-уми март, баъди ҷашнвора ин шогирдони мо ба навбатдории навбатии хеш ба Маркази тиббии шаҳрӣ рафта, айни замон дар марҳилаи “карантин” қарор доранд. Кӯмаки худро яке аз аввалинҳо шуда ба тамосбудагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ расонида истодаанд.
Дар ҳақиқат хештаншиносии худро ин ду вориси аслии Сино нишон дода, хизмати халқу ватанро дар ин рӯзҳои бениҳоят ҳассос сидқану софдилона иҷро карда истодаанд.
Аз номи аҳли кафедра ва шахсан аз номи худам изҳори қаноатмандиву ифтихор ва сипосро ба ин шогирдон иброз медорам.Таманнои солимии шуморо дорем, ҷавонмардони баору номӯси Ватан! Мо бо шумоем ва ба шумо мефахрем!
31.03.2020     281

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php