Корҳои тарбиявӣ.

Тарбияи донишҷӯён дар кафедра яке аз вазифахои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад. Вазифаи асосии кори тарбиявӣ – ин тарбияи донишҷӯён дар руҳи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, мехнатдустӣ, инсондустӣ мебошад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра аз чорабиниҳои зерин иборат аст: лексия ва сухбатҳо бо донишҷӯён дар бобати тарбия дар оила ва саҳми духтури оилавӣ дар оила ба монанди: «Тарбия дар оила ва саҳми духтури оилавӣ дар он», «Муносибат ба зан дар оила, зӯровари нисбат ба зан ва кудакон дар оила», «Саҳми табиби оилави нисбат ба пешгирии зуроварӣ дар оила» ва гайра, бахшида мешавад. Ҳар сол дар кафедра бахшида ба ҷашни Истиқлолият давлати Ҷумхурии Тоҷикистон, байни донишчӯён «Шаби шеърхонӣ» ташкил карда мешавад, бахшида ба Иди Соли нав, Рӯзи байналхалкии занон – 8-уми март, Иди Наврӯз рӯзномаи деворӣ бароварда мешавад. Донишҷӯён дар шанбегиҳои Марказҳои саломатӣ фаъолона иштирок мекунанд. Қодирова Д.А. бо ҳамкорӣ бо шуъбаи тарбия Донишгоҳ дар байни донишчуёни курси 2 ва 3 Донишгоҳ баромад менамояд. Барои шурои Занони ДДТТ ва шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони кафедра семинар машварат «Проблемахои гендери ва зӯровари дар оила» гузаронида шуд. Дар он кормандон нисбати зӯроварӣ дар оила факту рақамҳо оварда занони фаъолро барои пешгирии ин кори номатлуб дар оила, даъват намуданд. Дар кафедра бо ташабусси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ “Гушаи тарбиявӣ” ташкил шудааст, ки дар он дар бораи ватандустӣ, шомил нагаштан ба мазҳабҳои бегона, худшиносии миллӣ, мақолаҳо барои донишҷуён пешкаш карда мешаванд. Кормандони кафедра аз соли 2003 сар карда чун анъана, қариб ҳар сол, дар кафедра барои донишҷуён рузи “Дарҳои кушод” ташкил мекунанд. Дар ин ҷамъомад оиди тибби оилавӣ сухан гуфта, донишчуёнро бо бартариятҳои касби табиби оилавӣ шинос мекунанд. Кормандони кафедра барои тарғиботи тибби оилавӣ дар байни аҳоли аз телевизон ва радио 15 бор баромадҳо карданд.
05.02.2020     103

Гузариш ба саҳифаи: