Таърихи кафедра

Дар солҳои ҳафтодум, Ҷумҳури дар таъмини аҳолӣ, бо маводҳои доругӣ бо шароитӣ номусоид, рубару шуд. Дар тобистон ин масъала бинобар дар байни кудакон зиёд шудани бемориҳои меъдаю руда ва норасогии кадрҳои соҳаи фарматсия авҷ гирифт.
Аз ин сабаб дар соли 1979 дар Ҷумҳурӣ ҷамъомадӣ 1-уми фарматсевтон ташкил шуд, ки дар ин ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки бояд дар назди ИДТТ ба номи Абуали ибни Сино факултети фармтсевтӣ барои қабули зиёда аз 50 нафар боз карда шавад.
Дар соли 1980 ҳукуматӣ давлати оиди кушодани факултаи фарматсевтӣ дар назди институти давлатии тиббии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Аммо барои кушодани факултет, масъалаи муҳиме сарзад. Маълум карда шуд, ки дар Ҷумҳурии мо дар ин соҳа ягон кадри илмӣ вуҷуд надорад. Барои сари вақт ҳал намудани ин масъала вазири тандурустии ҳамон вақтаи ҷумҳури А. Саженин ва ректори институти тибби Ю.Б Исҳоқи ба хулосае омаданд, ки кормандони фаъоли дорухонаҳои шаҳру навоҳии кишварро ба аспирантураи пурра аз ҷумла аз ш. Душанбе Р.К. Ясинова, З.Г Максудова; аз Кулоб Д.Р. Халифаев; аз в. Ленинобод Дж. Юсуповаро бо равияҳои гуногун равон намуданд.
Соли 1983 Халифаев Д.Р. рисолаи номзадиашонро ба анҷом расонид, ва охири соли 1983 баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ватан баргашта дар институти давлатии тиббии Тоҷикистон, баҳайси омузгор ба курсҳои сеюми фкултети фарматсевтӣ, дарсдиҳиро оғоз намуданд. Дар он вақт дар кафедра танҳо ду номзад Халифаев Д. Р. ва Губерман С.А фаъолият мекарданд, дигар устодон бошад аз корхонаҳои истесолии фарматсевтӣ буданд (Ризоев Ф, Пулатов Н, Давлатқадов С ва ғ). Баъдан ба кафедра, хатмкунандагони факултет, аз ҷумла Насакина Т.А; Ҷамшедов Д.Н; Мусоев С.М; Раҳимова Д.А; Зоиров С.Б; Саъдуллоев Д.Ш; Ҳасанова З.Ш; Гулмуродов И.С; Гулбекова М.И; Сафарзода Р.Ш ва Абдукаримзода Х. ба кор ҷалб карда шуданд.
Вазифаи асосии кормандони кафедра тайёр намудани барномаҳои корӣ, дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ,омода кардани ҳуҷраҳои дарсӣ ва муҷаҳаз намудани синфхонаҳо бо аёниятҳои ба фанҳо алоқаманд, маҳсуб мешуд.
Дар соли 1988 кафедра ба базаи асосии фабрикаи фарматсевтии идоракунии Ҷумҳуриявии дорухонаҳо ва соли 1992 бинобар корҳои таъмири кафедра ба макони холишудаи материалии аптекаи №1 кучонида шуд.
Бо мадади кормандони кафедра 4 ҳуҷра ва лаборатория барои биофарматсия, бо тамоми лавозимоти пешрафтаи давр таъминкарда шуд.
Кафедраи технологияи фарматсевтии МДТ ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино яке аз кафедраи куҳансол ба ҳисоб меравад. Аввалин мудири кафедраи мазкур профессор Халифаев Д.Р (1981-2015) интихоб гашта буд. Дар солҳои 2015-2017 кафедраро н.и.фарм. Валиев А. Х роҳбари мекард.
Аз соли 2018 то имруз кафедраро н.и. фарм. Сафарзода Рамазон Шарофиддин роҳбари менамояд.
Кафедраи технологияи фарматевтӣ кафедраи мутахасис тайёркунанда баҳисоб рафта дар хатм намудани донишҷуён саҳми арзанда мегузорад. Дар кафедра барои донишҷуёни курсҳои 3 юм ва 5 ум аз фанҳои “ Технологияи фарматсевтӣ( технологияи дорухонаги ва истеҳсоли саноатӣ), Биофарматсия, Биотехнология, Стандартизатсия” дарсҳои лексиониву амали дода мешавад. Баъди тамом шудани дарсҳо донишҷуён курсҳои омузишию истеҳсолиро ҳангоми таҷрибаомузӣ, дар дорухонаҳои истеҳсолӣ, дорухонаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе мегузаранд. Пас аз хатми ҳар курс донишҷуён корҳои курсӣ ва имтиҳонҳои аз курс ба курсгузарӣ месупоранд. Фанни “Технологияи фарматсевтӣ” шомили имтиҳонҳои хатмӣ давлати буда фанни тахассусӣ баҳисоб меравад ва ба кафедраҳои илмҳои фундаментали дохил мешавд. Дар кафедра муттахасисонӣ пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Дар ҳоли ҳозир дар кафедра шумораи профессорону омузгорон ба 7 нафар баробар буда 50% омузгоронро номзадҳо ва докторҳо ташкил менамоянд.
Масоҳати кафедра зиёда аз 120 м2-ро ташкил мекунад. Дарсхонаҳои таълимии кафедра бо лавозимотҳои технологиву аналитикии ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Ҳангоми гузаронидани дарсҳои лексиониву амалӣ ҷадвалҳо, албоми суратҳо, слайдҳои мавзуҳо, презентатсияҳо, наворҳои илми ва филмҳо в.ғ истифода бурда мешаванд.
Дар кафедраи технологияи фарматсевтӣ маҳфили илмии донишҷуён фаъолият менамояд. Ин маҳфил курсҳои 3-5-ро дар бар мегирад, ки онҳо фаъолона корҳои илми менамоянд. Барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти кафедраи дорои 1 лабораторияи бо таҷҳизотҳои ҳозирамони технологию аналитики ҷиҳозонида шуда мебошад, ки он дар кучаи шукуфон 58, 2 этаж № 5 ҷойгираст.

12.03.2020     23

Гузариш ба саҳифаи: