“Забон ҳастии миллат аст”

“Забон ҳастии миллат аст”
Дар санаи 1 октябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи забон “Забон ҳастии миллат аст” дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кўдакона дарси кушод бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 3-юми гурўҳҳои 52, 57 ва 58 факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро бо забони давлатӣ ва русӣ донишҷӯёни гурӯҳи 58-ум пурмазмун тайёр намуданд.
Ҳаркас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
5 –ми октябр рӯзи Забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. 22 июли соли 1989 дар давлатӣ” кабул карда шуд. Тибки қонуни забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумхурии 22 июл хамҷун “Рӯзи забон” ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон эълон шудааст.
Забони тоҷики ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз адабиёти тоҷику форс Абуабдуллохи Рӯдакӣ то бунёдгузории адабиёти навини тоҷик – каҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адаби эҷод намуданд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтарин аз ҳама имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳодӣ воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Дар даврони Истиқлолият барои рушду густариши забони модари тамоми шароит фароҳам омадааст ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӯханронӣ дар ҷашни Истиқлолияи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) “Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳифаи таърих башари нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрузияш забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад”
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
02.10.2019     387

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php