Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ

Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз ҷониби муаллими коромӯзи кафедра, Муродова Ф. С. дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - шахсияти сулҳофар ва ваҳдатсоз дар таърихи навини милллати тоҷик” дарси кушод бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳи 3–юм, курси 2-юми факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Донишҷӯ Набиева Беназир наворҳои видеоӣ дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маърузаи  пурмазмуни худро ба ҳамагон пешкаш намуд.

Эй пешвои миллат, эй раҳнамои миллат,

Шуд нақшаҳои некат сулҳу сафои миллат.

Аз ёдҳо нарафта рӯзи сиёҳи тоҷик,

Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик.

Сад шукр гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,

Эмомалї Раҳмон аз туст бахти миллат.

Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат,

Эй пешвои миллат ҳастӣ бақои миллат.

Эй қаҳрамони миллат, Ҷонӣ ба ҷони миллат!

Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5- уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969 баъд аз хатми омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти Уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд, пас аз хизмати ҳарбӣ ба ҷойи кори худ баргаштааст. Баъд дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллиии Тоҷикистонро хатм намудааст.  Солҳои 1976-1987 дар вазифҳои котиби раёсат, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор ва фаъолият намудааст. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошта, аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид, 19 уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафтсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дорои унвони қаҳрамони Тоҷикистон (соли 1999) гардид.

Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия дар ҷаласаи ғайринавбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии фарҳангиву сиёсии ҷамоаи Аврупо Пешвои асри XXI бо қарори худ сарфароз гардонд.

Эмомалӣ Раҳмон пешвост пешвои ҳамабин. Мо дар хусуси сифатҳои ҳамидаи Сарвари давлатамон, ҷаҳду талошҳояшонро баҳри сулҳи минтақаву ҷаҳон борҳо гуфтаем ва боиси ифтихор аст, ки 11 октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бори чаҳорум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.                            

                                          Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

16.10.2020     3

Гузариш ба саҳифаи: