Рӯзи Парчами миллӣ.

Рӯзи Парчами миллӣ.
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар.
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 19 ноябри соли 2019 дарси кушод дар мавзӯи“ Рӯзи Парчами миллӣ. Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-юм ва 6-уми курси 3-юми факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 3-юм Ҳафизова Меҳрона, Қаландарова Меҳрангез ва Давлатов Суҳроб пурмазмун пешкаш намуданд.
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОЧИКИСТОН!
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Дар чаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ эҳтиром гузоштан ба парчам маьнои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маьнавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таьрихи халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар мебошад, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол мубориза бурдааст. Вақте ки имрӯз ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номида шуд.
Дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами Миллии Тоҷикистон сохта шудааст, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 метр ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандорӣ тоҷик бояд аз Парчами Миллии худ ифтихор намояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талкин намояд.
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд.
Бале Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модар асли моро ба дунё оварда бошал, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта барои идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст.
Халки тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисори мекунад. Каҳрамониҳо Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи точик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири покӣ модар донистааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ҳисси ватандӯсти ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Аз ин байти пурмазмун бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маьрифат ва коруфаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон куввату мадор, тавонои бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманистони дунёи орзуст.
Хулоса сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷахон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъҳази бузурги миллати точик, меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
Рӯзи Парчами миллӣ.
Рӯзи Парчами миллӣ.
Рӯзи Парчами миллӣ.
20.11.2019     728

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php