“Оини дахлу харҷ, захира ва нигоҳдории пулу мол, ҷизо ва ашёи рӯзгор”. қонуни ҶТ “Оид ба танзими ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ”.

“Оини дахлу харҷ, захира ва нигоҳдории пулу мол, ҷизо ва ашёи рӯзгор”. қонуни ҶТ “Оид ба танзими ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ”.
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 12 феврали соли 2020 дарси кушод дар мавзӯъи : “Оини дахлу харҷ, захира ва нигоҳдории пулу мол, ҷизо ва ашёи рӯзгор”, қонуни ҶТ “Оид ба танзими ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳи 21 курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 21 Шукронова Нурия ва Баротов Фирдавс пурмазмун пешкаш намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи гарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта ва бидъатҳо, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бамаврид қайд намудаанд: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиҷи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Ба дахлу харҷи худ сарфи назар кун,

Чу дахлат нест сарф оҳистатар кун.
Қонуни мазкур 8.06.2007 қабул гардида, аз 5 бобу 16 модда иборат аст.Танзим дар луғат асосан ба маънои ба низом даровардан, мураттаб намудан, бо тартиби муайян кашиданро дорад. Танзим аз ибтидо ба зиндагиву фаъолияти одамон буда, бо таҳозои замон ва заруратҳои таърихӣ онҳо моддӣ ва маънавии хешро такмил ва навгонӣ бахшида, ба фарҳанги миллӣ қановати нав зам менамояд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
14.02.2020     88

Гузариш ба саҳифаи: