Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5

Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5
Мувофиқи нақшаи навбатдории дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М. Қ. тасдиқ карда шудааст, санаи 25 октябри соли 2019 кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона (Ашурова Н.П.- ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А. - ассистенти таълимӣ, Астанақулов С. Р. - ассистенти хоҷагидории кафедра, Бобоев Улуғбек - интерн ва Муродов Ғ.З. - ординатори клиникӣ) дар хобгоҳи №5 навбатдори намуда дар мавзӯҳои гуногун, аз он ҷумла : “Деонтологияи тиббӣ” ва “Риоя кардани қоидаҳои беҳдошт” дарсӣ тарбиявӣ гузаронидаанд. Дар маҷлис 57 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд иштирок карданд. Ғайр аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ кормандони кафедра утоқҳо, ошхона ва роҳравҳои хобгоҳро гардиш намуда ва мушоҳида карда шуд, ки тарзи зисту зиндагии донишҷӯён хубтараст ва онҳо дар толорҳои хониш тайёрӣ дида истодаанд барои супоридани рейтинги якум. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурданӣ таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утоқҳо дар хобгоҳ тавсия дода шуд.
Кафедраи таълими асосхои бемориҳои кӯдакона
30.10.2019     56

Гузариш ба саҳифаи: