Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5

Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5
Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М. Қ., тасдиқ карда шуд, 27-ми декабри соли 2019 кормандони кафедраи ТАБК (Ҳомитова М.А. – ассистенти таълимӣ, Астанақулов С. Р. - ассистенти хоҷагӣ, Бобоев У.Х. – интерн ва Муродов Ғ.З. - ординатори клиникӣ) дар хобгоҳи №5 навбатдорӣ намуда дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла: “Паёми Призиденти ҶТ”, “Омодагӣ ба пешвози соли нав” ва тайёрӣ намудани ба сессяии зимистона дарсӣ тарбиявӣ гузаронидаанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд иштирок карданд. Ғайр аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ кормандони кафедра утокҳои хобгоҳро гардиш намуда ва мушоҳида карда шуд, ки тарзи зисту зиндагии донишҷӯён хубтараст ва онҳо аз ҷунин навбатдориҳои кафедраҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Бо донишҷӯён суҳбатҳо оид ба тайёрии имтиҳонҳои дар пешистода гузаронида шуд. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурданӣ таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утокҳо дар хобгоҳ тавсия дода шуд.
Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
30.12.2019     215

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php