Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 16 марти соли 2020 аз ҷониби ассистенти кафедра - Раҳимов Т.И. дарси кушод дар мавзӯи : “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 14 Юлдошев Раҷабалӣ ва Ризвоншоҳи Аловуддин пешкаш карда шуд.
Зеро барои ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир, оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро кафолат медиҳад. Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои давлат, ҷамъият, муассисаҳои таълимӣ ва шахсони мансабдор. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (муносибатҳои вобаста ба никоҳ ва оила), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (вобаста ба вазиваҳои волидон дар таълиму тарбия), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳатто Кодекси ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯдакии бузург дар ин маврид барҳақ мефармояд:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар аз рӯзҳои нахусти тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари тарбия бо муваффақият пеш меравад. Вагарна, тамоми кӯшишу заҳматҳои волидон бар абас меравад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
26.03.2020
591