“Коронавирус- вабои асри ХХI дар Ҷумҳурии Халқии Чин”

“Коронавирус- вабои асри ХХI дар Ҷумҳурии Халқии Чин”
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 15 феврал аз ҷониби ассистенти кафедра - Ҳомитова М.А. дарси кушод дар мавзӯи: “Коронавирус- вабои асри ХХI дар Ҷумҳурии Халқии Чин” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 13 Сафаров Нусратулло, Шаҳнозаи Зубайдулло пурмазмун пешкаш намуданд.
Коронавирусҳо (лотинӣ: Coronaviridae) як оилаи намуди вирусҳои КРН буда, то моҳи январи соли 2020 40-намуди онҳоро ба қайд гирифтаанд. Онҳоро ба ду зероила муттаҳид менамоянд, ки ба одамон ва ҳайвонот сироят мекунанд. Номи вирусро аз рӯи сохтораш гузоштаанд, ки сохташ кура буда аз сатҳаш барҷастагиҳо мебароранд, ки ба тоҷ монанданд. Ба коронавирусҳо дохил мешаванд:
1. Вируси SARS-CoV, барангезандаи бемории пневмония атипӣ, ки аввалин ҳолати он дар соли 2002 ба қайд гирифта шудааст;
2. Вируси MERS-CoV, барангезандаи синдроми нафасии Шарқи Наздик, ки хуруҷи он дар соли 2015 ба вуҷуд омадааст;
3. Вируси 2019-nCoV, ки барои сар задани намуди нави пневмония ва хуруҷи он дар солҳои 2019-2020 масъул аст.
Эпидемиология: коронавирусҳо дар байни ширхӯрон (дар гурбаҳо, сагҳо, хукҳо, чорвои калон) ва паррандагон бемориро ба вуҷуд меоранд.
Клиника: дар одамон, коронавирусҳо боиси сироятҳои шадиди роҳи нафас, SARS ва гастроэнтерит мебошанд. Дар кӯдакон бронхит ва пневмония имконпазир аст. Вирусҳои генетикии Betacoronavirus барои одамон махсусан хатарнок мебошад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
18.02.2020     395

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php