КОНСТИТУТСИЯ – бахтномаи миллат.

КОНСТИТУТСИЯ  – бахтномаи миллат.
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар санаи 02. 11. соли 2019 дарси кушод оиди гузаронидани “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳхои 1-ум ва 19-уми курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 19-ум Ашӯрова Дилдора, Файзуллоева Шаҳло, Хоҷаева Мусаллама ва Сидиқов Абдусаид пурмазмун тайёр намуданд.
Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitution» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ 5 маротиба Конститутсия қабул гардидааст , ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқӣ – меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои устувор ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз кониститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Дар ҷодаи бунёди заминаҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, қабули Конститутсияи суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Дар ҷаласа масъалаи таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси гардид, ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ тасдиқ шуд.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия чунин ибрози ақида кардаанд: “Муҳимтар аз ҳама Конститутсия-и нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилали этироф гардем”. Мақсади мардуми кишвар бунёдӣ давлати демократӣ , ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимои аст.
Конститутсия- ин сарқонуни давлат мебошад ва сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. Расми дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию ичтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷамъият муқаррар шудааст.
“Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саннади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд” - гуфтаанд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботӣ Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ҳуқуқҳои инсонро поймол намоянд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошанд.
Халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаю хуҷаста- 25-умин солгарди Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсозӣ худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунанд.
Ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
КОНСТИТУТСИЯ – бахтномаи миллат
КОНСТИТУТСИЯ – бахтномаи миллат
04.11.2019     419

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php