Истиқлолияти энергетикӣ - омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик

Истиқлолияти энергетикӣ - омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми  тоҷик
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 14 ноябри соли 2019 дарси кушод оид ба “Истиқлолияти энергетикӣ - омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 14-ум ва 1-уми курси 3-юми факултети тиббӣ ва педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯза ва наворҳои видеоиро оид ба Истиқлолияти энергетикӣ-омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун донишҷӯёни гурӯҳи 14-ум Шоҳинова Лайло ва Юлдошов Рачабалӣ пурмазмун пешкаш намуданд.
НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имруз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.
Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгоре аз худ боқӣ монад. Вакте, ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди ӯро зинда мегардонад.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат мукаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоҳи Барқии Обии Роғун машғул аст.
Эй ҳамватан, Роғуни худро бино кунем.
Бошад китоби маънии барҷаста во кунем.
То имтиҳони мо шавад аз буд ҳам қадим.
Имрӯз кохи Роғуни дилҳо бино кунем.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) - нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ҳосил кунад. Барои давом додани сохтмони НБО Роғун ҷумҳуриҳои поён оби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон медиҳанд. Сабаби норозигии роҳбарияти ин ҷумҳуриҳо ва махсусан Ӯзбекистон ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баланди - 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуданд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.
Бунёди сарбанд
Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид. НБО-и «Роғун» - яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Тавре маълум аст, аз соли 2009 корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО-и “Роғун” аз нав оғоз гардид. Ин заруриятро қарори Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди қатъ намудани интиқоли барқ ба вилояти Суғд боз ҳам тезонид. Бояд қайд кард, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳу - зимистон норасоии қувваи барқ дар ҳаҷми 3,5-4 млрд. кВт/соат эҳсос мегардад. Аз ин сабаб дар фасли зимистон то моҳи март дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳдудкунии қувваи барқ ба амал меояд.
Бинобар ин бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар қатори амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти энергетикӣ баровардани ҷумҳурӣ вазифаи муҳими стратегии давлат эълон карда шуд. Бинобар ин аз соли 2009 корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» барқарор карда шуд ва он то имрӯз идома дорад. Воқеан ҳам НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дар натиҷаи ба истифода дода шудани НБО-и «Роғун» даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегардад. Ба ғайр аз ин дар фасли баҳору тобистон имкон ба миён меояд, қувваи барқи изофагӣ ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон интиқол дода, аз фурӯши он ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ворид шавад. Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт.Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо неругоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пуррагӣ аз байн баранд.Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини мамлакат Роғун мебошад.
Ҳар ки Роғун мекунад бунёд,
Хонаи хешро кунад обод.
Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиколи қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии ҳар хонадон,коргоҳу муассисаҳои моро мебояд бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса гузорем. Зеро НБО-и Роғун на танҳо равшангарии рӯзгор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хоҳад буд.
Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад. Ҳар касе, ки дар орзуи ободии диёр бошад, бояд дар бунёди НБО-и Роғун саҳми худро гузорад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
Истиқлолияти энергетикӣ - омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми  тоҷик
Истиқлолияти энергетикӣ - омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ-и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми  тоҷик
14.11.2019     1751

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php