Эҳтироми падару модар-қарзи фарзандӣ.

Эҳтироми падару модар-қарзи фарзандӣ.
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино” санаи 14 ноябри соли 2019 дарси кушод дар мавзӯи “Эҳтироми падару модар-қарзи фарзандӣ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 14-ум ва 1-уми курси 3-юми факултети тиббӣ ва педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 1-ум Ғуломова Шукрона ва Муҳаммадисоҳи Муҳамад пурмазмун пешкаш намуданд. Барои хар як фарди мусулмон баъд аз Холику Паёмбари акрам (с) падару модар махбубтарин шахс мебошанд. Фарзандон нисбат ба падару модари худ мехрубон буда, хамеша нисбати онхо сухану амалхоеро анчом диханд, ки боиси хушхолиашон гардад ва дар навбати худ онхо доимо аз даргохи Парвардигор шукургузори кунанд, ки фарзандашонро дар рохи рост рахнамои намудааст. Фарзандони солеҳ барои волидон ҳадяи беҳтарини Холики ягона, нури чашмон, фараҳу сурури қалбҳоянд. Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солеҳ мебошад. Ҳар кадаре, ҳурмату эҳтироми падару модар ба ҷой орем, боз ҳам кам аст, зеро эшон шоистаи беҳтарин суханони неку дилписандтарин муомила мебошанд. Ду гавҳараки дида ва дури гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мову нашъунамои моянд, падару модар аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ моро бархурдор ва комёб гардондаанд. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидаанд. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардаанд. Дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, комати сарвину алифсони онхо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин ру бар фарзандон вочиб аст, ки волидайнро эхтиром ва икром намоянд. Хар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунаи ибрат бошанд, то дар камолоти онхо накши муассире бозанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солехи худро бо бехтарин усулхо тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори хам падару модар ва хам кишвари азизашон шудаанд. Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онхо аз корхои зишту нораво (аз кабили даст задан ва ширкат намудан дар амалиёти ифротгарои, рехтани хуни нохак чи дар дохили кишвар, чи дар хорич аз он), дар рухияи худшиноси, ватандорию ватанпарасти ва бо ахлоки хамидаю писандида тарбия намудани онхо яке аз масъалахои асосии чомеаи имрузаи мо мебошад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
15.11.2019     5243

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php