Дарси кушоди тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Дарси кушоди тарбиявӣ дар кафедраи ТАБК бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 23-уми феврал бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Донишҷӯёни гурӯҳи 4-юм Раҷабзода Розиямоҳ ва Сидиқов Р. оид ба ҷашни мазкур андешаронӣ намуданд.

Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудааст бавоя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқадаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикичстонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тағрибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати ҷони худро дареғ надоштанд. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омузем.

Бояд гуфт, ки донишҷӯён бо як эҳсосоти баланд дар дарси кушоди тарбиявӣ иштирок намуда, дар рафти чорабинӣ суханронӣ намуданд.

                                                    Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

26.02.2019     28

Гузариш ба саҳифаи: