Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар кафедраи Таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино” дар санаи 12 ноябри соли 2019 дарси кушод оид ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 54-ум ва 19-уми курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯза ва наворҳои видеоӣ барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯи гурӯҳи 54-ум Ҷамолов Рашид пурмазмун пешкаш намуд.
15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллатӣ куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолатӣ, инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрории ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангии ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Ин давлати ҷавони Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомуш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар ҷумҳури амалӣ созад.
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ривоҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Дар идомаи дарси тарбиявӣ омӯзгорони кафедра баромад карда, изҳор намудаанд ба донишҷӯён, ки онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти худ, ахлоқ ва рафтори ҳамидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба худ пеша кунанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
13.11.2019     372

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php