Саҳми ҷавонон дар оромии ҷомеа
Дар санаи 11-уми сентябри соли 2020 аз ҷониби ассистентони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Ҳакимова З.С ва Таибов С.А. бо донишҷӯёни курси 2-юми гурӯҳҳои 6-7, дар мавзӯъи «Саҳми ҷавонон дар оромии ҷомеа» чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд. Имомова Мавлия ва Абдуллоев Азамат дар маърӯзаи худ оид ба ин мавӯзъ қайд карданд, ки донишҷӯён дар доираи донишгоҳ ва берун аз он ба одоби муошират ва эҳтироми якдигар диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки насли наврас ва ҷавонони солеҳу бомаърифат давомдиҳандаи шаъну шарафи волидон буда, рафтору кирдори шоистаи онон қатрае аз саҳми эшон ба оромии ҷомеа мебошад. Шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ низ саҳми ҷавонон дар оромии кишвари азизамон ба ҳисоб меравад.
Донишҷӯён дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзида, оид ба мавзӯъ фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Кафедраи Стоматологияи муолиҷавӣ