Ҳамкориҳо натиҷа мебахшанд
Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои берун аз кишвар Донишгоҳи давлатии тиббииТоҷикистон ба натиҷаҳои назаррасе ноил гаштааст, ки боиси баланд рафтани сифати таълим гаштааст. Ташрифи меҳмонон аз давлати Олмон, Узбекистон ва Қазакистон, баргузории семенарҳо дар Маркази омузиши малакаҳои амалӣ ва Маркази таълимӣ илмӣ-клиникии «Стоматология»-и МДТ ДДТТ Абуалӣ ибни Сино гувоҳи гуфтаҳои болост.
Рӯзи 12.11.2019 бо иштироки президенти генералии ширкати “Мегадент”-и Олмон Матиас Глокнер, директори ширкати Гелий Чекменёв Андрей Викторович ва мудири кафедраи факултети стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии стоматологии Тошканд д.и.т, профессор Бекҷанова Олга Есеновна дар толори лексионии Маркази омузиши малакаҳои амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои пештарини барқароркунии қисми ғилофаки дандон» семинар баргузор гардид, ки дар он донишҷуёни бахши 4-5 факутети стоматологӣ,ординаторони клиникӣ, табиб-интернаҳо ва устодони кафедраҳои марказ ва кафедрахои факултети стоматологи иштирок намуда бо усулҳои навтарини реставратсияи дандон шинос шуданд.Инчунин, 13.11.2019 дар МТИК «Стоматология» аз соати 11.00 то 12.30 ва аз соати 14.30 то 16.30 мастер-класс дар мавзӯи мазкур баргузор шуд, ки дар он мутахассисони соҳа,донишҷуёни бахши 4-5 факутети стоматологӣ, ординаторони клиникӣ,табиб-интернҳо ва устодони кафедраҳои марказ иштирок намуда, бо усулҳои навтарини реставратсияи дандон шинос шуданд ва корҳои омухтаашонро амалӣ нишон доданд. Дар охир иштирокчиёни ин чорабинӣ бо сертификат ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуда, меҳмонон аз ҷониби устодони факултети стоматологи бо туҳфаҳои ватанӣ қадрдонӣ карда шуданд.
15.11.2019
451