Наврӯзи навбаҳорон ба гулрухон муборак!

Наврӯзи навбаҳорон ба гулрухон муборак!
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Бо мақсади шодбошии Иди Наврӯзи оламафрӯз ва болидасозии табьи кӯдакони бепарастор таърихи 17-уми марти соли 2020 саркуратори кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Ҳакимова З.С. бо донишҷӯёни гурӯҳи худ, яъне курси 2, гурӯҳи 3-юми факултаи стоматологӣ ба хонаи кӯдакони №1 шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Барои хушҳолсозии кӯдакон ва табрикоти онҳо бо ҷашни «Соли нав»-и тоҷикон ба онҳо бозичаҳо, маводи хӯрока ва пӯшока бо худ бурданд.
Кӯдакон аз ташрифи меҳмонон хеле шод гашта, миннатдории хешро бо лабханди ширин баён доштанд.
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонӣ,

Муборак Рӯзи нав, ай тоҷику ай Тоҷикистонӣ.

Муборак бод Наврӯз бар тоҷику бар Тоҷикистонӣ,

Азизони дилу дида, муборак иди ориёнӣ.

КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МУОЛИҶАВӢ
26.03.2020     429

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php