Ҷараёни баланд бардоштани малакаҳои амалии донишҷӯён дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
Дар Маркази таълимӣ-илмӣ-клиникии МТД ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино синфи фантом бо таҳҷизотҳои стоматологӣ ташкил карда шудааст, ки дар он донишҷӯёни факултети стоматологӣ малакаҳои амалии хешро ташаккул медиҳанд. Дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ донишҷӯёни курси 2-юм аз фанни пропедевтикаи стоматологӣ ва 3-юм аз стоматологияи муолиҷавӣ бо дандонҳои табиӣ, ки дар муляжи сар часпонида шудааст, кор мекунанд.
Бо ёрии дастгоҳи стоматологӣ малакаҳои мануалии худро инкишоф медиҳанд, принсипҳои пармакунии дандонро тибқи синфи Блек меомӯзанд, усулҳои эндодонтия, топографияи ковокӣ ва канали решаҳои дандон, коркардҳои асбобӣ ва доруии канали решаҳо, усулҳои пломбагузории онҳоро ёд мегиранд.
Дар зери назорати омӯзгор онҳо усулҳои ба хатогӣ роҳ надоданро тасарруф мекунанд ва агар ба хатогӣ роҳ диҳанд, чӣ тавр бартарафсозиашро ҳал мекунанд.
Донишҷуёни курсҳои 4-5-ум дар ҳуҷраи қабули беморон усулҳои муоинаи зоҳирӣ, ковокии даҳон, дандонҳо, пародонт, пардаи луобии ковокии даҳонро мегузаронанд. Дар ҷараёни дарс ташхиси тафриқавии кариес ва иллатҳои ғайрикариесии дандон, бемориҳои бофтаи пародонтро таҳлил менамоянд.
Ба донишҷӯёни курси 5 иҷозат дода мешавад, ки мустақилона дар зери назорати омӯзгор беморонро қабул кунанд.
Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Тохтаходжаева С.Т.
17.12.2019
479