Забони тоҷикӣ – мероси модар

Забони тоҷикӣ – мероси модар

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред. 

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Чорабинии иттилоотӣ - тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи забон, санаи 05. 10. 2020 дар кафедраи психиатрия ва наркология ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 11 ва 12 курси панҷум, факултети тиббӣ баргузор гардид. Ташкилкунандаи чорабинӣ ассистенти кафедра Тағоев А. А., маърӯза намуд донишҷӯи гурӯҳи 11 Абдиев Ю. Ш.. Дар чорабини иштирок доштанд ассистентони кафедра Маҳмадназаров Ш. С., Ҳакимов В. Б., Назимов А. А..

Зимни баромад Абдиев Ю. Ш. иброз намуд, ки дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеъа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шавад. Ин муаммои ҷаъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Зери чунин андешаҳои оммавӣ роҳбарияти коммунистии ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки оиди ин масъала чораҳо андешад. 

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шуд.

Мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф.   

М. Ғ. Ғуломов д.и.т.,проф.      Н. М. Шарапова

Мутассадӣ оид ба тарбия        Маҳмадназаров Ш.С.

05.10.2020     229

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php