Фаъолияти илмӣ

Натиҷаи корҳои илмӣ тайи 5 соли охир дар шакли 2 монография, 1 китоби илмӣ, 42 мақолаву фишурда ҷамъбасти худро ёфт, таҳти роҳбарии проф. Шарапова Н.М. рисолаи номзадии омӯзгори кафедра Шарипов Т.А. дар мавзӯи “Клинико-социальные и этнокультуральные особенности суицидов в Республике Таджикистан” дар ш.Москва соли 2015 ҳимоя шудааст ва дар соли 2016 таҳти роҳбарии проф. Шарапова Н.М. магистри хориҷии кафедра Абдулла Халед Абду Исмаил Аль-Шараби рисолаи хешро дар мавзуи “Клинико-социальные особенности аутоагрессивных действий психических больных отдельных регионов Йемена” ҳимоя кард.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон (солҳои 1991-2011) кафедра дар таҳқиқи проблемаҳои умдаи психиатрия ва наркологияи клиникӣ (синдромтавлидшавӣ, маҷзубият, тобеъ будан ба маводи психоактивӣ ва худкушиҳо) ҳиссаи босазо гузоштааст. Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандон дар конфронсҳои байналмилалӣ (ИМА, Франсия, Эрон, Испания, Нидерландия, Ҳиндустон, кишварҳои ИДМ), конфронсҳо ва форумҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба табъ расонида шудаанд.
Таҳқиқотҳои кормандони кафедра дар соҳаи омӯзиши раванди тағйирёбӣ дар клиникаи психозҳои алкоголӣ, ки дар асари патоморфози ҳақиқӣ ба вуҷуд меоянд, аҳамияти бузурги илмиву амалӣ доранд. Таҳқиқотҳои бахшида ба патоморфози васвоси майзадагӣ ва галлютсинатсияи шадиди алкоголӣ имконият доданд, ки миқдори зуҳуроти клиники психопатологӣ, намудҳои он, васеъшавии доираи феноменҳои психопатологӣ, ки доимӣ ва ҳатмӣ ба ҳисоб намераванд, кам карда шавад. Омӯзиши тавсифҳои клиникӣ ва иҷтимоӣ – демографии беморони гирифтори майзадагӣ, ки амалҳои зиддиқонунӣ ва худкушӣ содир кардаанд, боиси ба миён омадани як қатор чорабиниҳои терапевтии пешгирикунии онҳо гаштанд Дар соли 2005 кормандони кафедра таҳти роҳбарии ассистент Нисанбаева З.Х. бо дастгирии техникии ТУТ дар байни ҷавонони кишвар оид ба сигоркашӣ таҳқиқоти калонмиқёс гузарониданд (6000 нафар муоина карда шуд), натиҷаи ин кор асоси яке аз самтҳои Стратегияи Миллии ҶТ оид ба саломатии рӯҳиро (2010-2011) ташкил дод. Дар соли 2015 Шарипов Т. А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои этникиву фарҳангии худкушиҳо дар ҶТ» рисолаи номзадӣро дар ш. Москва ҳимоя кард. Дар рисола омӯзиши комплексии сабабҳои худкушӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд, хусусиятҳои этникиву фарҳангии худкушиҳо дар байни аҳолии маҳаллӣ ва дигар гурӯҳҳои этникӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои оилаҳое, ки беморони рӯҳии майлдошта ба худкушӣ доранд, чорабиниҳои профилактикӣ пешниҳод карда шуд. Натиҷаҳои кори номбурда дар 1 монография, 5 мақола ва 10 фишурда нашр шудааст. Дар солҳои 2013-20198 кормандони кафедра дар мавзӯ оиди истифодабарии табобати ҷойивазкунанда бо тариқи метадон кор карданд.
Аз соли 2019 оғози тадқиқоти илмӣ оиди омӯзиши ҷанбаҳои тиббӣ-ичтимоии саломатии рӯҳии аҳолии ш.Душанбе сар карда шуд аз тарафи кормандони кафедра.
Кафедра бо Маркази Давлатии илмии психиатрияи ичтимоӣ ва судии ФР (ш.Москва) ба номи В.П.Сербский ва Кафедраи психиатрия ва психологияи тиббии Донишкадаи стоматологии № 3 ш.Москва ҳамкорӣ дорад.
05.02.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: