Терроризм ва экстермизм хатари бузург барои аҳли башар
15 апрели соли ҷорӣ дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино соати тарбиявии навбатӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстермизм хатари бузург барои аҳли башар» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1,2,3 ва 4-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Семинарро мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра, куратори гуруҳи 3-юм Мансурова Д.М. оғоз намуда, изҳор намуд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, балки инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад. Баъд аз он баромади донишҷӯи гуруҳи 3-ум Пиракова Моҳихуросон дар мавзӯи «Терроризм ва экстримизм» шунида шуд. Инчунин, Маҳмадуллозода Зиёдулло аз гуруҳи 2-ум маърӯза дар мавзӯи «Терроризм ва Экстримизм фоҷеаи замони муосир» пешниҳоднамуд. Дар суханрониҳо қайд гардид, ки дар Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз тарафи ҳукумати мамлакат якҷанд қонунҳо ва санадҳо ба тасдиқ расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан ба зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд. Семинар бо муҳокима ва саволу ҷавоби устодон ва донишҷуён анҷом ёфт.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
22.04.2020
183