Семинар «Мубориза бар зидди вируси норасои масъунияти одам»
Санаи 25.11.19. дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ таҳти мавзӯъи «Мубориза бар зидди вируси норасои масъунияти одам» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2-и факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ гузаронида шуд.
Семинарро мудири кафедра Ҷураева Н. С., оғоз намуда,ба донишҷуён дар бораи таърихи пайдоиши ин рӯз, инчунин мақсади баргузории семинар ин баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии донишҷӯён доир ба вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоб меравад, баён намуд.
Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 1-ум Шарифзода Меҳроб бо маърузаи худ дар мавзӯи «ВНМО/БПНМ сабабҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва табобати он» баромад намуд. Инчунин Гулчамоли Сангмадзода аз гуруҳи 2-ум маъруза дар мавзӯи «Сирояти ВНМО дар байни гуруҳҳои осебпази аҳолии ҶТ» баромад намуда ба шунавандагон маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни семинар донишҷӯён ва иштироккунандагон дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгири намудани ВНМО баҳсу мунозира намуданд. Қайд карда шуд, ки бояд ҳар як шахс саломатии худро муҳофизат намуда дар солимии аҳли ҷомеа саҳмгузор бошад. Дар анҷоми семинар барои мустаҳкам намудани маълумотҳо дар байни донишҷӯён викторинаи интеллектуалии хеле шавқовар пешниҳод гардида, донишҷуёни фаъол туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
05.12.2019
413