Семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Санаи 4.11.2019 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибб ДДТТ-и ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи нақшаи тасдиқшуда оиди дарсҳои тарбиявӣ семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯи «Волоияти қонун-омили асосии рӯзгори осоиштаи ҷомеа» бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳои куратории 1-4 уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва гуруҳи 7 факултаи тиббӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯёнӣ фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра куратори гуруҳи 3-юм Шарифзода Ф. Ҷ., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин рӯзи таърихи яъне 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, изҳор намуд, ки барои ҳар яки мо ифтихори бузург аст, ки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳар сол 6-ноябр Рӯзи Конститутсияро бо рӯҳӣ болида ҷашн мегирем. Имсол бошад ба ифтихори ин ҷашн аз тарафи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябри соли равон қонун «Дар бораи авф» ба имзо расонида шуд, ки беш аз 20 000 ҳазор нафар озод хоҳанд шуд. «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», гуфтааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст. Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ зиндагӣ мекунанд. Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 3-ум Наврӯзов Абдуҷаббор бо маърӯзаи худ дар мавзӯӣ «Сарқонун-санади муқаддасу тақдирсози миллат» ва донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 2 Ибогимов Алишер бо маърӯзаи худ дар мавзӯӣ «Конституция - бахтномаи миллат» баромад намуда хотири ҳозиринро шод гардониданд. Дар лаҳзаҳои хотимавӣ, иштирокчиёни семинар, донишҷӯён, доир ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода аз устодони худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб
05.11.2019     374

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php