Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар
Бо гузаштани нӯҳ моҳи пурра пас аз он, ки мо бори аввал дар бораи COVID-19 шунидем, пандемия ҷони беш аз як миллион нафарро гирифт ва ба зиёда аз 30 миллион нафар дар 190 кишвар сироят кард. Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1 ва 2- и факултаи тиббӣ-профилактикӣ бахшида ба пандемияи COVID-19, таҳти мавзӯи «Пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар», семинар гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур устодони кафедра Саидова С.Н., Исроилова З.С., Мамадаминов О.Н., Юсуфзода П.А., магистрон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ куратори гуруҳи 2-ум Шарифзода Фируза Ҷабор ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба зарурати баргузории чунин семинар ибрози андеша кард ва ба донишҷӯён доир ба сабабҳо, оқибатҳо, ҳолатҳои паҳншавӣ, сироятёбӣ ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, маълумоти муфид дод. Инчунин қайд кард, ки ин пандемия таҳдиди ҷиддӣ ба рушди устувор мебошад ва мубориза бо ин мушкилот танҳо тавассути маълумоти дақиқ ва роҳҳои муҳофизати худ аз ин вирус имконпазир мебошад.
Баъд аз он донишҷӯӣ курси 2 гуруҳи 2-ум Сафаралиев Саидвалӣ бо маърузаи худ дар мавзӯи «Сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус» баромад намуд.
Барои пешгирии бемории COVID-19 зарур аст:
· Зуд-зуд шустани дасту панҷа бо собун ё маҳлулҳои безараргардонанда;
· риоя намудани фосилаи ҷамъиятӣ;
· худдорӣ намудан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ;
· бо беморони зуком ва шахсоне, ки аломатҳои бемории шадиди роҳи нафасро доранд дар алоқа набудан;
· бо ҳайвонҳои хонагӣ ва дигар ҳайвонҳо дар алоқа набудан ва дар ҳолати баръакс дастонро бо маводҳои лозима шустан;
· дар ҳолати дар худ бемории шадиди роҳи нафасро пайхас намудан ба духтур муроҷиат намудан;
· дар вақти атса задан ва сулфидан даҳону биниро пӯшонидан;
· ниқоб пушида гаштан ба шахси бемор зарур ва ҳатмист, зеро дар вақти атса бемор метавонад барангезандаи бемориро ба 5-6 метр паҳн намояд.
Агар ҳамаи мо тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, қоида ва меъёрҳои санитариро риоя намоем, муқовимати (имунитет) организми худро қавӣ мегардонем. Дар ҳолати доштани руҳияи баландӣ қавӣ тамоми бемориҳоро аз худ дур карда метавонем.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб