Фаъолияти илмӣ

Аз соли 2010 то соли 2014 дар якҷоягӣ бо кафедраи тибби оилавии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - клиникии тибби оилавӣ, кафедра лоиҳаи тадқиқотӣ-илмии "Асоснокии илмии такмили минбаъдаи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро татбиқ намуд. Дар рафти амалисозии лоиҳа ба рохбарии д.и.т., досент С.Р. Миралиев 1 рисолаи доктори дифоъ ва 2 рисолаи номзади барои ҳимоя тайёр карда шуд.
Дар соли 2015 корҳо оид ба мавзӯи нави кафедра "Ҷанбаҳои тиббӣ- иҷтимоии такмили ташкили кӯмаки ёрии аввалияи тиббӣ дар шароити нави иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" оғоз гардид. Дар чаҳорчӯбаи ҳамин мавзӯъ унвонҷӯёни кафедра рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Дар 5 соли охир дар кафедра тақрибан 120 корҳои илмӣ ва фишурдаҳо дар матбуотҳои чопии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ нашр карда шудааст. Кормандони кафедра иштирокчии конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар Россия, Қазоқистон, Олмон, Туркия, Малайзия ва Тоҷикистон мебошанд.
Аз ифтитоҳи магистратура оид ба нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (2007) дар кафедра магистрони факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба омӯзиши сиҳатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, иқтисодиёт ва маблағгузории тандурустӣ, ислоҳоти тандурустӣ ва идоракунӣ, ахлоқ ва ҳуқуқ дар тандурустӣ, пешвоӣ ва робита машғуланд. Дар маҷмӯъ то соли 2019 дар кафедра 29 магистри соҳаи нигаҳдории тандурустӣ таълим гирифта, рисолаи магистриашонро дифоъ намуданд.
30.01.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: