Руҳбаландӣ аз суханронии Пешвои миллат

Руҳбаландӣ аз суханронии Пешвои миллат
Санаи 27.03.2020 дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҷаласаи навбатии кафедра оид ба муҳокимаи Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 03 2020 баргузор шуд. Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, доктори илмҳои кимиё, профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович омӯзгоронро бо муҳтавои баромади Пешвои маҳбубу муаззами миллат ошно намуд. Дар ҷаласа кормандони кафедра баромад намуда иброз намуданд, ки гуфтаҳои пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда барои рушди илмҳои дақиқ мушаххасан химия камари ҳиммат мебанданд ва дар самти дарёфти маводи доруии сифатан тоза ба мардуми Тоҷикистон ҳастии худро мебахшанд.
Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, доктори илмҳои кимиё, профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович
31.03.2020     283

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php