«Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санаи 22.11.2019 дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ ва илмӣ-адабӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ доир гашт. Ҷамъомадро мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.к., профессор Раҷабов У.Р., оғоз бахшида, дар бораи таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда, ки солҳост мавриди омӯзиши муҳақиқон қарор дорад, суханронӣ намуд. Сипас устодон дар бораи Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ баромад намуда, ақидаҳои хешро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ,
доктори илмҳои кимиё, профессор Раҷабов Умаралӣ Раҷабович
27.11.2019
285