Ба ифтихори рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаҳони имрўзаро бе масоили мубрами марбутаи илмҳои кимиё тасаввур кардан имконнопазир аст. Имрўз соҳаи техника ва технологияе мавчуд нестанд, ки дар онҳо маводи кимиёӣ мавриди истифода қарор нагиранд. Саҳми кимиё дар каноатмандии талаботи асосии одамон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо хеле бузург аст. Ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамон тиб ва саломатии инсон, анвои пўшокаю хўрока, мушаххасан илми тиб, фарматсия ва кимиё бо якдигар робитаи ногусастанӣ доранд ва дар ҳамбастагӣ рушд мекунанд. Бинобар ин, дуруст ва ба мавқеъ истифода намудани истилоҳоти кимиёӣ муҳим ва талаби замон аст.
Дар паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 гуфта мешавад: Вазифаи муҳимми олимони кишвар, поку бегазанд нигаҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигаҳ доштани забони муошират ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон аст. Имрўз масъала танҳо масъалаи истилоҳот ва ҷо доштани баъзе иштибоҳот дар забони мо нест. Масъалаи асосӣ масъалаи таълим дар кўдакистон ва макотиби миёнаву олӣ аст. Мазмуни таълим ва методикаи онро дигар кардан зарур аст. Барои он, ки дар забон анъанаҳои бузурги миллии гузаштагонамон, морифпарварон ва С.Айниро идома бидиҳем, аз аввал талаба ва ё донишҷў забонро бояд аз матнҳои асили классикӣ биомўзад. Забонро на аз матни хасакии баъзе аз қаламбадастони имрўз, балки аз устодони бузурги дирўзу имрўз бояд омўхт. Дар он сурат ягонагии забони адабӣ ва меъёри онро таъмин намудан мумкин аст.
Масалан, дар макотиби қадими Бухоро «Чаҳор китоб»-и Аттор, Девони Хоҷа Ҳофиз, мунтахаби девони Бедил тадрис мешуд, бачаҳо ин китобҳоро пурра аз бар мекарданд. Ин усули таълим, яъне пурра аз бар кардани матнҳои бузург аз ду ҷиҳат аҳамияти барҷаста дошт:
1.Бачаҳо забонро аз бузургтарин устодони сухан, аз Ҳофиз, аз Бедил, ёд мегирифтанд, яъне саводи хуб мебароварданд, сохибсухани асил ва ноб мегардиданд ва суханвар мешуданд.
2.Аз ёд кардани миқдори зиёди шеъри олӣ ҳофизаи бачаро тараққӣ медод, ҳофиза мустаҳкам мешуд ва аз худ кардани ҳар илми дигар аз қабили формулаҳои физику кимиёву риёзиёт осон мешуд. Яъне, забонро имрўз метавон аз осори бузургони адабу суханамон омўхт. Бе такя ба гузашта забони мо оянда нахоҳад дошт. Бояд бештар донишҷўёни хушзеҳн ва боистеъдод дар дохили кишвар тарбият шаванд.
То замони қабули Қонун дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, яъне то соли 1989 шурўъ аз таълимоти макотиби олӣ то ба коргузорӣ дар сатҳи давлатӣ, тамоми вазифаҳои иҷтимоии ҷомеаро забони русӣ иҷро мекард. Ҳатто дар Донишгоҳи кишоварзӣ, ки барои деҳот мутахассис тайёр мекард, ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, ки ҷавобгўи солимии ҷомеа буд, таълим бо забони русӣ бурда мешуд. Аҳамияти бузурги қонуни забон низ ҳамин аст, ки забони тоҷикиро дар қаламрави давлати худаш забони расмӣ ва ҳатмӣ эълон кард. Пас аз қабули қонуни забон тамоми коргузориҳо дар муассисаҳои кишвар бо забони давлатӣ ҷараён гирифт. Дар чанд соли охир сифати забон дар таълимгоҳҳо, матбуот, радио ва телевизион ва забондонии кадрҳо, аз ҷумла, ҳукуматдорони шаҳру ноҳияҳо ба тавре, ки онро дуруст гуфтан ҳам мумкин аст, бeҳтap шуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино пурра ба забони тоҷикӣ чоп шудани барнома ва китобу дастурҳо, дар 5 ҷилд аз чоп баромадани Энсиклопедияи мухтасари тиб, Вожаномаи тиббӣ ва дигарҳо ба шумор мераванд. Солҳои пеш агар як нафар ба истилоҳ, рўзноманигор ва ё барандаи телевизион суханронӣ мекард, ҳатман дар забони ў сакта ба назар мерасид ва ё ҷустани калима эҳсос мешуд. Ҳоло бошад, ҳам рўзноманигорон, ҳам барандагони телевизион ва ҳатто шурўъ аз деҳқони оддӣ то ба мансабдорон андешаи худро озод баён мекунанд, ки ин гувоҳи баланд рафтани сатҳи забондонии эшон аст. Таъсири қонуни забон ба ҷомеаи мо барои баргаштан ба арзишҳои фарҳангии хеш хеле зиёд аст ва ин пешравиҳо дар забон аслан натиҷаи истиқлолият буда, ба кўшишҳои сарвари давлат вобаста аст.
Аз тарафи дигар, баробари ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забони волою ширини тоҷикӣ баъзе соҳибзабонон кўшиш ба харҷ доданд, ки калимаҳои душвору ба худ мувофиқро истифода намоянд. Аз ин лиҳоз ба фонди забони тоҷикӣ бештар калимаю истилоҳҳои эронию арабӣ ворид шуданд, ки ин барои фаҳмидан ва шарҳ додани матлаъ мушкилиҳо овард ва хонандаи имрўза маҷбур аст барои фаҳмидани асли воқеа аз луғат истифода барад, аммо аксарият ба ин имконият надоранд. Ҳамин аст, ки аксари асару китобҳои мавриди истифодаи омма дар рафҳои китобхона хоб аст ва касе харидорӣ намекунад. Хулласи калом имрўз истилоҳро ҳар кас ба таври худ қабул мекунад ва истифода менамояд, аз ин лиҳоз забони тоҷикӣ ба ҷангали анбўҳе табдил ёфтааст, ки на имкони ба он даромадан аст ва на илоҷи аз он баромадан.
Аммо ҳанўз қонуни забон пурра татбик нашудааст. Дар муҳокимаҳои илмӣ намояндагони баъзе риштаҳо имрўз ҳам даъво мекунанд, ки, фаразан, илми кимиё ё биология ва медитсинаро бо забони тоҷикӣ таълим" додан ё тоҷикӣ намудан мумкин нест, зеро истилоҳоти точикии ин соҳаҳои илм ба низом надаромадааст. Масалан, дар баъзе аз донишгоҳҳо қисми асосии дарсҳои ихтисосӣ, ки аз курси сеюм оғоз мешавад, бо забони русӣ гузаронида мешавад, , чунин ба назар мерасад, ки дастовардҳои мо дар татбиқи Қонуни забон хеле кўчак ва ночиз ме-бошанд. Агар дастгоҳи калимасозии забонамонро кор нафармоем, аз захираи луғавии забонамон вожаҳои созгор ҷустуҷў накунем, забони илмии тоҷикии қудратманди худро тамоман аз даст дода, заифу нотавон мегардонем. Ҳамин тавр, бо пайдоиши раванду падидаҳои тоза масъалаҳои нав зуҳур мекунанд ва вобаста ба ин 5 октябри соли 2009 таҳти рақами 553 Қонуни ҶТ дар бораи забони давлатии ҶТ бо тағйироту иловаҳо қабул карда шуд ва ин ҳар як шаҳрванди ҶТ-ро вазифадор менамояд, ки забони давлатиро донад, истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин намояд.
Вобаста ба пайдоиши истилоҳи “Кимиё ” ва “Химия” дар маъхазҳои сершумор фикру ақоиди зиёде дар баъзе мавридҳо ҳатто ба ҳам зид мавҷуданд. Шояд сабаб ин бошад, ки дар забонҳои гуногун ҳангоми номгўй кардани истилоҳи кимиё ибораҳои ҳархела истифода мешаванд.Масалан,. истилоҳи кимиё дар забонҳои инглисӣ кемистри, олмонӣ хеми, фаронсавӣ ля шимӣ, лотинӣ хумус ва русӣ химия истифода мешавад. Истилоҳи химияи дар забони русӣ истифодашаванда аз забони олмонӣ гирифта шудааст.
Дар юнони қадим истилоҳи кимиё аз калимаҳои химос гирифта шуда буд, ки маънояш «шарбати рустанӣ» аст. Истилоҳи кимиё дар байни форсизабонон дар асарҳои Ҷобир ибни Хайём (асрҳои 7-8) мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин кимиёгари шаҳир истилоҳи «ҳума»-и зардуштиро ба «кимиё» иваз намуд, ки маънои он «сирру асрор» аст. Арабҳо бошанд, ба ибораи «кимиё» пешванди ал-ро ҳамроҳ намуда, онро «алкимиё» номиданд.
Дар бобати истифодаи истилоҳоти илмии кимиё чунин мулоҳизаро дастгирй мекунем: Чи хеле, ки дар боло тазаккур додем сарчашмаи пайдоиши вожаҳои «Кимиё ” ва “Химия», . русӣ ва тоҷикӣ нест, балки ба забонҳои олмонӣ, юнонӣ, хитоӣ, инглисӣ ва фаронсавӣ марбут аст. Аз ин хотир, вобаста ба мавқеи ҷо ба ҷо гузории калима истифодаи муштараки вожаҳои «Кимиё» ва «Химия» аз манфиат холӣ нест. Масалан, кинетикаи кимиёӣ ва суръати реаксияи химиявӣ ва ё таҳқиқи кинетика ва механизми реаксияҳои кимиёӣ дар равандҳои химиявӣ ва ғайра.
Имрўз аксари вожаю калимаҳои байналмиллалӣ ба тоҷикӣ тарҷима шудаанд, ки ин ҳусни забон ва тарзи баёнро ба хонанда мушкил мегардонад. Масалан, калимаи реаксия(лотинӣ) ба таомул, ки ҳарду истилоҳ маънии аксуламалро дорад, компонентаи лотинӣ ба ҷузъ, метал ва ғайриметал ба филизу ғайрифилиз, мураккаб ба муғлақ, яъне моддаи мураккаб ба моддаи муғлақ, хосияти интенсивӣ ба хосияти бо ҷадал, эквиваленти лотинӣ, ки маънии баробарқимматро дорад ба муодил, ҳодисаҳои химиявӣ ва физикавӣ ба табдилёбии химиявӣ ва физикавӣ, кислотаи русӣ ба ҳомуз ва ё тезоб, раванди ихтиёрӣ ба раванди худ ба худӣ, банди химиявӣ ба робитаи химиявӣ, конденсатсия ба калимаи арабии тарокум, сублиматсия ба тасхир ва табхири арабӣ, буғи сер ба буғи машбўъ, фишори буғҳои сер ба фишори буғҳои машбўъ, синтези лотинӣ ба тавлифи арабӣ, диаметр ва радиус ба қутр ва нимқутр масалан, радиуси атом ба нимқутри атом, фармакопея ба қарободин, формулировка ба тасвия иваз шудаанд ва хонандаи имрўзаро водор месозад ба феҳрист рўй биёрад. Ин аз як тараф барои бой гаштани фонди луғавии донишҷў хуб бошад, аз тарафи дигар барои барномаи таълимиро аз худ намудани ў мушкилиҳое зиёде меорад. Аз ин рў дар забон истифода намудани истилоҳҳои байналмиллалӣ барои рушди забон ва ба адабиёти ҷаҳонӣ рўй овардани хонандаи закӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ин хотир зимни навиштани китобу дастур ва тарҷимаи асарҳо ба мавқеъ истифода намудани истилоҳҳои байналмиллалӣ барои оммафаҳм гаштан ва такмил додани дониши донишҷў имконият медиҳад.
Ҳамин тавр, дар маҷмўь ҳанўз гуфтан мумкин нест, ки қонуни забон ба куллӣ татбиқ шудааст. Агар мо тамоми рукнҳои қонуни забонро ба назар гирифта амал кунем, дигар мушкилоте дар ин самт боқӣ намемонад.
Мудири кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, д.и.к. Раҷабов У.Р.
09.10.2019
487