Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони мо
Оиди тачлили рӯзӣ забони давлати н.и.т. Сафедов Ф.Х. қайд карданд, ки 22 июли соли 1989 “Қонуни забони тоҷики” қабул шуда ва баъдан аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба қонуни мазкур таъғиру иловаҳо дароварда рӯзи 5 октябр ҳамчун рузи забон эълон гардид. Дар давоми 30 сол боз мақоми давлати гирифтани забони модарии мардуми шарафманди тоҷик хело пешравиҳо ба назар мерасад. Баъд қайд намуданд, ки аввалин маротиба дар донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 19 гурӯҳои таъсилкунандаи тоҷики ташкил карда шуданд, ки худи ман дар гуруҳҳои точики таҳсил намудам адабиётҳои тибби бо забони давлати ниҳоят кам буд. Асосан аз адабиётҳои руси истифода бурда бо забони худ тарҷума карда ба дарсҳо омодаги медидем. Ҳоло дар тамоми соҳаҳои кишвар адабиётҳо бо пурраги гуем хато намекунем мерасанд ва ҳуҷҷатгузори ҳам бо забони модари мебошад. Инчунин қайд карданд, ки кафедраи ҷарроҳии кӯдакон яке аз кафедраҳои фаъоли донишгоҳ нисбат ба тавваҷуҳи зиёд доштанаш оиди забони давлати ба ҳисоб меравад. Дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакона таи чанд соли охир китоби дарсии калон ҳаҷми ҷарроҳии кудакона, дастурамалҳои таълимию методи, ва мақолаҳои илми, ки проблемаи фани ҷарроҳии кудаконаро дар бар мегиранд омода карда аз чоп баромаданд ва мебароянд. Аммо чихеле ба мову Шумо маълум аст камбудиҳо хело зиёд ҷой доранд барои бартараф кардани онҳо тамоми кормандони клиника бояд саҳми худро гузоранд. Барои хубтару хуштар шудани забони модари на танҳо кормандони кафедра балки ҳама коркунон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд то ки камбудиҳои ҷой доштаро саривақт пайхас намуда дар паи ислоҳи онҳо шаванд. Нисбати забони давлатиро ба забони илм табдил додан аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурииамон (ВАКИ) тоҷики кушода шуд, ки инҳам боз моро водор месозад, ки нисбати ин масъала ҷиддитар бошем. Ба супориши ҳукумати Ҷумҳуриамон ба ҳамаи корҳои илмие, ки бо забони точики нависта мешавад имтиёзҳо дода мешавад. Чунки забони модари ин ҳастии миллату давлат ба ҳисоб рафта дар байни дигар қавмҳо моро муаррифи мекунад.. Барои ҳамин ҳам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар тамоми баромадҳо ва вохуриҳои худ ба мардуми шарафманди тоҷик алалхусус наврасону ҷавонон омӯзиши забони модарии худро дар сатҳи баланд бардоштан лозим медонад. Чунки агар шахс забони модарии худро боа дараҷаи хуб донад омузиши дигар забонҳо осон мегардад.
Баъд аз устодон ва донишҷӯён хоҳиш намуданд, ки нисбати ин масъала фикру андешаҳои худро баён кунанд.
Ассистенти кафедра Шарипов Н.Ш . Баромад карда муҳимияти забони давлати ва дигар ҷабҳаҳои онро барраси карданд. Забони модарии мову Шумо ҳануз дар давраи иттиҳоди Шурави яъне 22 июли 1989 мақоми давлатиро гирифта буд. Ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии иди забони давлати табрику таҳният карда баъд кайд карданд, ки ҳамасола бо фармони Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2009 №699 ба қонуни забони давлати таъғироту иловаҳо дароварда ва 5 уми октябр ҳамчун рӯзи забон қарор қабул карда шуд. Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ин ёдгории бемисли худро радифи ёдгориҳои маьнавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.
Бояд қайд кард, ки кормандони кафедраи ҷарроҳи кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳо шуда, ба эҳёшавии забони давлати ҳиссагузор шуда ҳануз аз даврони шурави китоб, дастурамал, мақолаҳоро бо забони модари ба нашр расонидааст. Дар кафедраи кафедраи ҷарроҳи кӯдакона китоби дарси оиди ҷарроҳии кӯдакона бо забони тоҷикӣ зери таҳрири д.и.т профессор Султонов Ш.Р аз чоп баромад. Инчунин зиёда аз 30 монография, 25 дастурамалҳои таълими китоби луғати тибби ва беш аз 32 мақолаҳо бо забони давлати ба чоп расонида шудааст. Гайр аз ин дарсгузаронӣ бо донишҷӯён, лексияҳо таьлиму тарбияи онҳо ва маьрузаҳои илмӣ бо забонидавлатӣ гузаронида мешавад. Тарзи дуруст истифода бурдани имлои забони тоҷикӣ дар шӯъбаҳо ҳангоми пур кардани таърихи бемори ва ҳуҷҷатнигори аз ҷониби кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакона назорат карда мешавад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон гуфтааст:
“Забон хишти аввалини кохи миллат.” Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафакури миллии худро аз даст дода завол меёбад”
“Дуст доштани забон ин дуст доштани модар, Ватани маҳбуб ва таъриху фарҳанги худ ҳаст.”
Чуноне, ки шоир Лоиқ Шерали гуфтааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К- у забони модари гум кардааст.
Дар охир тамоми иштирокчиёни ҷаласаро бо рузи иди забон табрику таҳният гуфтанд.
Дар охир мудири кафедра н.и.т. Сафедов Ф.Х қайд карданд, ки дар ҳақиқат забони модарии мо аз даврони Рӯдаки, Фирдавси, Сино, Рӯми ва дигар фарзандони фарзонаи миллат то ба мо оварда расонида шуд, ки ин кори осон набуд. Инчунин забони модарии мо яке аз забонҳои қадим тарин буда муттафакирони мо бо маърузаҳои илми бо забони модарии худ дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳони дошта баромад намекарданд ва тамоми ҳуҷҷатгузори бо забони руси буд. Аз даврони истиқлол ба даст овардани миллати тоҷик бо кушишҳои бе андозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон забони давлатии мо шукуҳи зиёд пайдо карда дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳони ва аз минбари созмони милали муттаҳид худи презимденти кишвар баромадҳо мекунад. Ин боиси сарфарозии миллати шарафманди тоҷик мебошад, ки аз минбари созмони милали муттаҳид забони модарии тоҷики садо медиҳад. Яъне ин дастовард ба осони ба даст наомадааст. Барои ҳамин моро мебояд ба қадри ин забони модари расем.
Забони модариро, ки дар олам чун шири модарон поку зулол аст,
Касе пок донад пок бошад
Ҳамон фарзанд, ҳамон фарзанд ҳалол аст.
Лоиқ Шерали
Забон дар даҳон эй хирадманд чист,
Калиди дари ганҷи соҳиб ҳунар.
Чудар баста бошад чидонад касе,
Ки ҷавҳар фурушаст е пилвар
Саъди Шерози
Инчунин ќайд карданд,ки ман аз ҷаласаи маскур хело неруи мусби гирифта ба баромадкунандагон ташакури зиёд барои бисёр як баромадҳои пур муҳтаво ва ибратбахш.
Таҳкид карданд, ки гуфтаҳои дар боло зикр гардидаро қабул дониста баҳри дар амал иҷро намудани таълиму тарбияи насли ҷавон коллективи кафедра бетараф набошанд. Баъд тамоми иштирокчиёни ҷаласаро ба рӯзи забони давлати табрику танҳият гуфта тансиҳати, хонаободи ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х
асс.кафедра Шарипов Н.Ш