Тачлили чашни “Рузи Модар”
Дар кафедраи ҷарроҳии, кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар санаи 07.03. 2020. бахшида ба “ Рузи Модар ” аз чониби кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакон, ординаторони клиникӣ, духтурони интерна ва донишҷуёни курси 6 - уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 34,32,33, 34, чорабинии ҷашнӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ординатори клиникии соли 2-юми тахсил Шарипов Н.Ш (бо забони точикӣ), ординатори клиники соли 1-юми тахсил Холов Ч.М (бо забони русӣ) ва донишҷӯи курси 5, гурӯҳи 5 факултаи педиатрӣ Мағзумов А . Д ( бо забони англисӣ) бо се забон баромадҳои ҷолибу табрикотӣ карданд. Дар васфи модар аз ҷониби баромадкунандагон ва донишҷӯён
Модар қимматарин неьмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбалантарин шахси башарият аст. Захмати шабонарӯзӣ , бедорхобӣ, пурбардоштии ӯ танҳо ба худаш хос буда касро ба ҳайрат меорад . Мо канори модар бо олами рангину кӯдакона ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгариву ватандӯстиро меомӯзем . Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост .
Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Ҳар қадаре, ки муҳббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст. Модар! бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст .
10.03.2020
510