Сӯҳбати муфид

Дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакона бо донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ гуруҳҳои 67, 68, 69, 70, 71, 72 корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Аз рӯзи аввали оғози сикли ҷарроҳии кӯдакона дар бораи риояи қоидаҳои дохиликлиникӣ, сару либоси расмӣ, одоби муошират бо беморон, ҳурмату эҳтироми омӯзгор, ҳисси ватандустӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбия, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми дарс,  бо мошини шахсӣ наомадани донишҷӯён ба дарс ва роҳҳои пешгирии коронавируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ  сӯҳбатҳо ва соати тарбиявӣ гузаронида шуд.

Мудири кафедра н.и.т Сафедов Ф.Х. ҳамаи донишҷӯён ва кормандони кафедраро бо ғолиб омадани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Интихоботи президентӣ табрик гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳама дар пайравии ин марди бузургу хирадманд - Сарвари давлат баҳри ободии кишвар бояд саъю кӯшиш намоем. Ба донишчуён таъкид кард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, оиди хабархои беасосу бардуруғи характери зиддиконститутсионӣ доштаи шабакаҳои интернетӣ  бовар накунанд.

Донишҷӯён ҳангоми гузаронидани суҳбатҳои дар боло зикргардида фаьолона иштирок намуданд. 

Мудири  кафедраи ҷарроҳии кӯдакона н.и.т.   -    Сафедов Ф. Х.

Мутасаддӣ оиди корҳои тарбиявӣ, асс.кафедра    -    Шарипов Н. Ш.


23.10.2020     142

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php