Дарси сулҳ дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

Дарси сулҳ дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Дар кафедраи ҷарроҳии кўдакон Дарси сулҳ ва рӯзи дониш бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷуёни курси 5 - уми факултаи тибби гуруҳҳои 43,44,45,46 ва курси 4 - уми факултаи педиатри гуруҳҳои 1, 2 таҷлил гирифта шуд.
Дотсенти кафедра н.и.т. Сафаров А.С. ҷаласаро оғоз карда, дар мавзӯи “Дониш талабу бузургӣ омӯз” маърӯза пешниҳод намуд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки рўзи 1 - уми сентябр ҳамчун рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар саросари мамлакат ҳамасала ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рўзи 1 - уми сентябр дар яке аз донишгоҳ ё донишкадаи ҷумҳурии азизамон дарси сулҳро бо иштироки олимон, нависандагон, шоирон, вазирон, ректорони донишгоҳҳо, як қатор ҷавонони фаъоли мамлакат мегузаронанд. Имсол дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти кишвар зимни суханронӣ тамоми ҷабҳаҳои илму маорифро баррасӣ карда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа изҳори назар намуданд. Чунончӣ, нисбати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ҷавобгӯ набудани кадрҳо ба талаботи имрӯза эродҳои ҷиддӣ гирифтанд.
Бинобар ин, мо кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино бояд барои омода намудани муттахасисони соҳа саъю кушиши беандозаро равона созем, таъкид намуд дотсенти кафедра.
Устодони кафедра низ нисбати ин масъала фикру андешаҳои худро баён намуданд. Дотсенти кафедра Маҳмадҷонов Д.М. қайд кард, ки дар ҳақиқат хизматҳои беандозаи Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи насли ҷавон зиёд буда, дар ҳар як суханронӣ таъкид мекунанд, то ояндаи миллату давлат дурахшон бимонад.
Номбурда ҳамзамон, нисбати омода намудани насли ҷавон дар соҳаҳои илму техника гуфта гузашт. Бо такя ба олимон гуфт, ки бояд насли ҷавонро дар ҷодаи илм тарбия намоянд. Ин аст, ки дар кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино маҳфили ҷарроҳии кӯдакон фаъолият мекунад ва донишҷуён имкон доранд, ки дар ин маҳфил аъзо шаванд.
Ассистенти кафедра, Шерназаров И.Б. низ қайд намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаҳои мухталифи мамлакат, аз ҷумла маориф, илм ва тандурустӣ, ки ҳамасола дар рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мешавад, бартараф шуда истодаанд. Имсол аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи касбӣ бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолият, бо тамоми шароитҳои муосир ба истифода дода шуданд, ки ин гувоҳи ғамхориҳои сарвари давлат нисбати ояндаи миллату кишвар аст.
Мутасадии тарбияи кафедра ассистент. н.и.т. Займудтнов Б.М. қайд кард, ки дар баромади навбатии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбати омода намудани муттахасисони ҷавон, ки мутобиқ ба бозори ҷаҳонии меҳнат аст, изҳори назар намуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ карданд. Алалхусус, муроҷиати сарвари давлат ба тамоми мардуми тоҷик нисбати ҷиддӣ рафтор кардан дар самти таълиму тарбияи насли ояндасози миллат, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву терористӣ мавриди омӯзиш ва дастгирӣ аст. Дар кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абуалї ибни Сино нисбати ин масъалаҳо кор бурда мешавад, таъкид намуд мутасадии тарбияи кафедра. Моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ваҳдату якдигар- фаҳмӣ расида, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, нагузорем, то аз тарафи ягон ашхос халалдор гардад.
Дотсенти кафедра н.и.т. Сафаров А.С. хатми ҷаласаро эълон намуда, тамоми иштирокчиёнро ба рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуд.
Дарси сулҳ дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи 3
Дарси сулҳ дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи_2
Дарси сулҳ дар кафедраи ҷарроҳии кўдаконаи_1
03.09.2019     460

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php