Устодони кафедра аз хобгоњи №6 дидан карданд

Устодони кафедра аз хобгоњи №6 дидан карданд

Дар асоси реҷаи навбатдории тасдиқгардида санаи 27.11.2019 навбатдорӣ дар хобгоҳи №6  аз тарафи устодони кафедраи гистология: Бобоева Г.А. ва Имамбердиева М.А.  гузаронида шуд.

Ҳангоми навбатдорӣ  дар хобгоҳ устодон аз ҳолати санитарии ҳуҷраҳои  зист, ошхона, ҷойи либосшӯӣ, ҳоҷатхона ва толори хониши ошёнаи  4-ум дидан намуданд.   Баъзе ҳуҷраҳои зист тозаю озода ва бо тартиб  буданд, вале баъзеи дигарашон тартиби гузоштани либосҳо, анҷомҳо, пойафзолҳо ва таҷхизоти ҳуҷраро надоштанд, бинобар ин аз тарафи устодон дар мавзӯи «Беҳдошти шахсӣ  ва риоя кардани тозагӣ дар роҳравҳо, ошхона, хоҷатхона, ташнобхона  ва ҳуҷраҳои хобгоҳ» сӯҳбат гузаронида шуд.   Донишҷӯён ба саволҳои ҳуд ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд. Дар охир донишҷӯёнро ба муносибати 80-солагии  донишгоҳ  устодон табрик намуданд.

Навбатдорӣ  бе  я гон ҳодиса гузашт.

 З.Н. Соҳибова, мудири кафедра н.и.т., дотсент 

 З.Ж. Зияева, масъул оид ба корҳои тарбиявӣ    

03.12.2019     329

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php