Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.  Вобаста ба ҳамин ҷашни муборак дар кафедраи гистология, дар якҷоягӣ бо кормандони кафедра, гуруҳи кураторӣ ва донишҷуёни курси 2юми гурӯҳҳои 27-ум ва 28-уми факултети тиббӣ чорабини фарҳангӣ гузаронида шуд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Донишҷӯёни курс  Ашуров Ҳайдаралӣ, Норов Дилшод, Ятимова Омина ва  Қобилова Сабрина бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд, ки фишурдаи маърузаҳо чунин аст:

- Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро  пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии Сарвари оқил Асосгузор исулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвару  соҳибмаърифат ва  меҳнатдӯсти тоҷик гаштем. 

Кафедраи гистология


13.11.2020     155

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php