Интихобот-нишонаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон

Интихобот-нишонаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон

Санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи гистология МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар гурӯҳи 28-уми факултети тиббӣ соати тарбиявӣ «Интихобот-нишонаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон» гузаронида шуд. Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад

Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Бинобар ин, интихобот воситаи иваз гардидани элитаи ҳукмрон ба шумор меравад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.

09.10.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: