Бемории коронавирус-COVID-19 ва пешгирии он

Бемории коронавирус-COVID-19 ва пешгирии он

10 сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи гистологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз тарафи донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии гурӯҳи 49 Муродзода Бежан бо иштироки устодони кафедраи гистология, донишҷёни курси   2-юми  факултети тиббӣ ва донишҷӯёни гурӯҳҳои кураторӣ дар мавзӯи «Бемории коронавирус-COVID-19 ва пешгирии он» соати тарбиявӣ гузаронида шуд. 

Дар презентатсия дар бораи аломиатҳо, аворизҳои беморӣ, сари вақт табиби оилавиро даъват кардан, истифодаи дурусти маводҳои антисептикӣ, ниқобҳо ҳангоми зарурият ва дар кафедраҳо, сохторҳо ва хобгоҳҳо гузаронидани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон оид ба риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, низоми санитарӣ-эпидимиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус маълумот доданд. 

09.10.2020     15

Гузариш ба саҳифаи: